Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АI ба Тоҷикистон: Даҳони "Ампаро"-ро набандед


Созмони Афви байналмилал аз Тоҷикистон хостааст, ки ба таъқибу фишор алайҳи созмонҳои ҷамъиятӣ хотима бахшад.

Созмони авфи байналмилал, рӯзи 23-юми ноябр аз баста шудани ташкилоти ҳуқуқшиносони ҷавон, «Ампаро» дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

АI мақараш дар Лондон ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро, ки асоси басташавии "Ампаро" арзёбӣ мегарданд, "баҳона" хонда, изҳор доштааст, ки ин ташкилот ба хотири ҷамъоварӣ ва пахши маълумот дар бораи шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи наваскарон, мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Дар баёнияи созмон омадааст, ки моҳи гузашта Додгоҳи Хуҷанд дар ҷануби Тоҷикистон фаъолияти «Ампаро»-ро манъ кард ва айни ҳол намояндаи созмон ба Додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат кардааст. Дар сурати нокомӣ дар ин марҳилаи додгоҳӣ, созмони "Ампаро"-ро зарур меояд, ки ба таври ҳамешагӣ фаъолияти худро қатъ кунад.

Девид Диас Жоже, масъули Созмони Афви Байналмилал, таъкид кардааст, ки бастани ин созмони фаъоли дифои ҳуқуқ, иддаои ҳукумати Тоҷикистонро дар мавриди волоияти ҳуқуқу озодиҳои шахс дар кишвар, зери шубҳа мебарад. Ӯ гуфтааст, қатъи ниҳоии фаъолияти «Ампаро» ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор аз нақзи тунди ҳуқуқу озодиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Масъулини Созмони авфи байналмилал хотиррасон кардаанд, ки дар ин авохир ду созмони дигар дар вилояти «Суғд»,- «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «Аксент», ки дар бахши таълим ва ҳуқуқи интихобот кор мекунанд, ба баҳонаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба хатари басташавӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Созмони авфи байналмилал ин ҳолатҳоро кӯшиши ҳукумат барои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хонда, таъкид намудааст, ки чораҳои маъмурӣ бояд барои хомӯш кардани афроду созмонҳое, ки ҳукуматро танқид мекунанд, истифода нагарданд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд кафолат диҳад, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаашонро дар доираи қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва бе фишору таъқиби мақомот иҷро намоянд.
XS
SM
MD
LG