Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои тарафдорону мухолифони Мурсӣ


Дар Миср ба тарафдорӣ ва алайҳи тасмими раиси ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсӣ, ки ба худ салоҳиятҳои бештар дод, намоишҳо доир шуданд. Фармони дирӯза ба президент ҳаққ медиҳад, “барои ҳимоят аз инқилоб тамоми тадобирро бияндешад." Ин фармон ниҳодҳои қазоияро аз ҳаққи ба чолиш кашондани дастурҳои раисиҷумҳур маҳрум мекунад. Исломгароён ба дифоъ аз Мурсӣ дар назди Додгоҳи олӣ тазоҳурот карда, хостори аз мақомоти марбут ба режими Ҳуснӣ Муборак тоза кардани додгоҳҳои Миср шуданд. Фаъолони ислоҳталаб Мурсиро ба касби қудрати диктаторӣ ва ҳамла ба ормонҳои ошӯби соли гузашта, ки ба режими Муборак поён дод, айбдор мекунанд. Раҳбари собиқи Ожонси ҳастаии СММ Муҳаммад Бародаӣ гуфт, Мурсӣ худро ба “фиръавни нав” табдил додааст.
XS
SM
MD
LG