Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси буҷаи ояндаи ИА оғоз ёфт


Раҳбарони ИА шоми панҷшанбе дар Брюссел ба баҳси будҷаи ояндаи ин созмон шурӯъ карданд. Бритониёву Олмон ва дигар саҳмгузорони асосӣ хостори коҳиши хароҷоти ИА бо дарназардошти коҳиши будҷаҳои миллии бисёри кишварҳо узви ин созмон шудаанд. Аммо аъзои фақиртари ИА аз Аврупои шарқӣ мехоҳанд, будҷаи солҳои 2014-2020 дар ҳаҷми кунуниаш бимонад ё ҳатто афзоиш дода шавад. Фаронса ҳам мухолифи коҳиш додани ёронаҳо ба кишоварзон аст.
Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй алакай хостори коҳиши 80 миллиард евро аз 1 триллиону 91 миллиард евро ҳаҷми будҷа шудааст. Мақомот мегӯянд, баҳси будҷа шояд то поёни ҳафта ё дертар тӯл кашад.
XS
SM
MD
LG