Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия як силоҳсози баландпоя кушта шудааст


Дар ҷануби Маскав як тарроҳи баландпояи силоҳи корхонаи тавлиди аслиҳаи Русия ба қатл расидааст. Рӯзи панҷшанбе Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, шоми чоршанбе Вячеслав Трухачев-муовини сартарроҳи корхонаи тавлиди аслиҳаи шаҳри Тула аз тири силоҳи оташфишон ба ҳалоқат расид. Ба гуфти муфаттиши минтақаӣ Татяна Сергеева камераи муроқибат кушторро ба навор гирифтааст. Ӯ меафзояд, қотили бидуни ниқоб оташ кушода, сипас аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Баъди оғози тафтиши ҷанҷоли фасод ва беному нишоншавии тахминан 100 миллион доллар, ки дар он номи собиқ вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков низ хотирнишон шудааст, ин ниҳод зери фишори муфаттишон қарор дорад. Моҳи равон Сердюков аз мансабаш барканор шуд.
XS
SM
MD
LG