Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳамлаи хунин алайҳи шиъаҳо дар Покистон


Ҳамлаи бомбгузори маргталаб ба як маросими шиъаҳо дар шаҳри Равалпиндии Покистон дастикам 13 кушта ба ҷо гузошт. Равалпиндӣ дар наздикии пойтахт –Исломобод – воқеъ буда, қароргоҳи ситоди артиши Покистон аст. Касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ҳамла дар Равалпиндӣ ду соат баъд аз ду таркиши бомб дар наздикии гирдиҳамоии шиъаҳо дар бузургтарин шаҳри Покистон –Карочӣ – рух дод. Дар таркишҳои Карочӣ дастикам 3 нафар ҷон бохтаанд. Ин хушунатҳо дар ҳолест, ки Исломобод имрӯз мизбони нишасти сарони 8 кишвари бузургтарини мусалмонӣ – Покистон, Эрон, Миср, Туркия, Индонезия, Малайзия ва Бангладешу Нигерия мешавад.
XS
SM
MD
LG