Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон нархи орд каме поин рафт


Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 10 дарсад коҳиш ёфт. Тоҷирон мегӯянд, аз ду рӯз ба ин сӯ воридоти орд аз Қазоқистон ба Тоҷикистон афзуда, ҳоло як халта орди 50 кг навъи олӣ аз 180 сомонии қаблӣ то ба 160 сомонӣ поён омадааст. Тоҷирон тахмин мезананд, ки поин рафтани нархи орд идома дорад ва мумкин аст он дар ояндаи наздик то 140 сомонӣ расад.

Пештар ҳукумати Тоҷикистон эълон карда буд, аз моҳи январи соли оянда воридоти солонаи гандум аз Қазоқистон афзуда, ба як миллион тон мерасад.

Тибқи иттилои расмӣ, эҳтиёҷоти Тоҷикистон солона ҳудуди 2 миллион тон маҳсулоти ғалладона аст, ки қариб 1 миллион тонаш дар дохил истеҳсол мешавад. Душанбе боқии эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад. 95 дарсади воридот ба Қазоқистон ва бақия ба Ӯзбакистон рост меояд.

Соли гузашта Тоҷикистон аз Қазоқистон 438 ҳазор тон гандум ворид карда буд. Бино ба омори расмӣ, ҳар моҳ ба ин кишвар аз Қазоқистон 28 ҳазор тон орду 37 ҳазор тон гандум ворид мешавад. Бо ин ҳол, пешбинии коршиносон нисбат ба дурнамои нархҳо чандон хушбинкунанда нест.

Бино ба иттилои Кумитаи омор, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 470 ҳазор тон гандум ва 232 ҳазор тон орд ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG