Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати нахустин сарбози исроилӣ дар низоъи ахир


Дирӯз бар асари ҳамлаи мушакӣ аз навори Ғаза як сарбози исроилӣ ва як мулкӣ кушта шуданд. Як сухангӯи артиши Исроил бидуни бурдани ном гуфтааст, ки ҳарду дар наздикии марзи Исроилу Ғаза ҷон бохтаанд.
Бо ин ҳол, сухангӯи давлати Исроил Марк Регев эълони оташбаси зудрас бо Ҳамосро пеш аз вақт номид ва гуфт, амалиёти низомии Исроил дар Ғаза дар баробари талошҳои дипломатӣ идома хоҳад ёфт.
Сухангӯи Ҳамос қаблан гуфт, ҷангиёни Ғаза ва Исроил бо миёнҷигии Миср ба оташбас аз соати 12 шаб ба вақти маҳаллӣ розӣ шудаанд. Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад мурсӣ низ аз чунин пешомад сӯҳбат карда буд. Тайи як ҳафтаи низоъ байни Исроилу Ҳамос дастикам 120 фаластинӣ ва 5 исроилӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG