Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар Байтулмуқаддас ором кардани низоъ байни Исроил ва Ҳамос дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро муҳим номид. Клинтон гуфт, ӯ бо “паёми рӯшан”-и раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар мавриди ҳимояти “муҳкам” ва “қотеъ” аз ҳаққи Исроил ба дифоъ аз худ ба Байтулмуқаддас омадааст. Клинтон ба хатми мушакборони Исроил даъват карда, гуфт, ӯ бо ҷонибҳо дар минтақа, аз ҷумла имрӯз дар мулоқот бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира, рӯи оташбаси “собит”-е кор хоҳад кард, ки амнияти сокинони ҷануби Исроил ва кайфияти рӯзгори аҳли Ғазаро замонат дода битавонад.