Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ходимони Amnesty International дар Лондон


Имрӯз садҳо ходими созмони дидбони ҳуқуқи башар-Амнестӣ интернешенел (Amnesty International) дар назди қароргоҳи марказии ин созмон дар шаҳри Лондон гирдиҳамоии эътирозӣ барпо намуда, барномаи ислоҳот дар ин муассисаи байналмилалии мустақар дар пойтахти Британияро маҳкум карданд. Ҳафтаи гузашта раиси барномаи Амнестӣ интернешенел дар Амрико хонум Сузан Лӣ истеъфояшро эълон карда, “нокомии раҳбарони ин созмон дар қадрдонии садоқати ходимонашро маҳкум кард. Тибқи нақшаи ислоҳот тахминан 500 ходими Амнестӣ интернешенел аз Лондон ба даҳ шӯъдаи ин созмон дар гӯшаҳои мухталифи олам интиқол дода хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG