Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш ҳаёти як сокини Қазонро аз байн бурд


Полиси шаҳри Қазон-пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия таҳқиқи таркишеро, ки рӯзи сешанбе боиси марги як нафар гашт, оғоз намудааст. Андрей Шептитский-намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, таркиш дар рӯ ба рӯи бинои бисёрошёна ба амал омада, Алфред Шарафуддинови 39-соларо ба ҳалокат расонд. Номбурда дар гузашта бо ҷурми нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ ва маводи тарканда муҷозот шудааст. Тибқи иттилои наздикони Шарафуддинов ӯ камаш ду ҳафтаи охир бо нӯшидани машруботи алкоҳолӣ машғул будааст. Шептитский гузоришҳо дар бораи рабт доштани таркиш бо ифротгароҳои исломиро рад кард. Муфаттишон аз эҳтимол дур намедонанд, ки таркиш амали худкушӣ будааст.
XS
SM
MD
LG