Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон духтари насрониро сафед кард


 Римша Масиҳ
Римша Масиҳ
Додгоҳи Покистон арзёбии парвандаи як духтари насрониро, ки бо тавҳин ба дини ислом муттаҳам мешуд, қатъ намуд. Ин қазия дар саросари олам мавриди интиқод қарор гирифтааст. Римша Масиҳ моҳи август дар Исломобод бо иттиҳоми оташ задани саҳифаҳои Қуръон боздошт шуда буд. Рӯзи сешанбе телевизиони давлатии Покистон хабар дод, ки Додгоҳии Олии ин кишвар дар Исломобод парвандаи Римша Масиҳро лағв кард. Ҳамзамон вакилони мудофиаи ин хонум аз додгоҳ бознигарии қазияро дархост намудаанд. Чанде пеш додгоҳи сатҳи поёнӣ баъди пардохти васиқа Римшаро, ки эҳтимолан 14-сола аст, аз боздоштгоҳ раҳо карда буд. Полис имоми маҳаллии минтақаи зисти Римшаро бо он муттаҳам кард, ки саҳифаҳои оташзадаи Қуръонро дар халтаи Римша ҷой додааст.
XS
SM
MD
LG