Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори муҳоҷири 19 солаи тоҷик дар Русия


Зоҳирҷон Тоҷибоев, муҳоҷири 19 солаи тоҷик аз шаҳри Турсунзода дар паи латту кӯб аз ҷониби афроди номаълум дар шаҳри Обнински Русия кушта шудаст. Тавре сомонаи ТJinform хабар медиҳад, ҳодисаи мазкур 15-уми ноябр дар ҳудуди ноҳияи Белоусовск рух додаст. Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, аз қазия огоҳанд ва раванди тафтишотро пайгирӣ мекунанд. Мақомоти Русия гуфтаанд, то ҳол гумонбаре дар куштори Зоҳирҷон боздошт нашуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG