Имрӯз дар Қасри Арбоби канори шаҳри Хуҷанд нишасти тантанавӣ бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба ин нишаст вакилони он иҷлосияи “таърихӣ” ҳам даъват шудаанд.
Қабл аз нишасти тантанавӣ дар Қасри Арбоб дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон осорхона ифтитоҳ шуд, ки дар он аввалин парчами давлати мустақили Тоҷикистон, аксҳои зиёд ва ҳатто таҷҳизоти телевизионе, ки раванди иҷлосия навор бардошта шуда буд, ба маърази намоиш гузошта шуданд. Як бахши осорхона ба солҳои истиқлол ва рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст.
Дар ин осорхона, ки ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаев гузошта шудааст, мизу курсӣ ва бархе аз асноди замони раҳбарии ӯ ба ба яке аз маъруфтарин дар Иттиҳоди шӯравӣ хоҷагиҳо мавҷуд аст.
Қарор аст, ки Эмомоалӣ Раҳмон дар нишасти ботантана дар Қасри Арбоб суханронӣ кунад.