Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қазияи "муҳоҷирони ғулом" дар Палатаи ҷамъиятии Русия


Палатаи ҷамъиятии Русия, имрӯз қазияи «ғуломӣ»-и 12 нафар муҳоҷири тоҷик, узбак ва қазоқро дар яке аз мағозаҳои Маскав баррасӣ мекунад.

Ин қазия, ки бо мусоидати ихтиёриён аз созмони ҷамъиятии "Мемориал" ошкор гардидаст, дар Русия ва миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар сарусадоҳои зиёдро ба бор овард.

Маълум гардид, ки соҳибони мағозаи «Продукты» дар маҳаллаи Голяноваи Маскав, таи 10 сол, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистонро дар «ғуломӣ» нигоҳ доштаанд.

Ҳафтаи гузашта муфаттишони додситонӣ дар иртибот ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Аммо додситонии байниноҳиявии Преображенскии Маскав ин қарорро лағв намуда, иброз доштааст, ки асоси қонунӣ барои боз намудани парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад. Дар ин робита ҳомии ҳуқуқи башар, Светлана Ганнушкина, мегӯяд, онҳо бар муқобили қарори додситонӣ ба додгоҳи Русия ва додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят хоҳанд бурд.

Тавре сомонаи расмии Палатаи ҷамъиятии Русия хабар медиҳад, дар ҷаласаи имрӯзаи Палата, ки бо иштироки сардори Кумитаи тафтишотӣ, Александр Бастрикин, додситони генералӣ, Юрий Чайка ва вазири умури дохилии Русия, Владимир Колоколтсев баргузор мешавад, ҳолати ошкоргардида, баҳогузорӣ шуда, иштирокдорон роҳҳои пешгирии «ғуломдорӣ» ва додугирифти одамонро дар ин кишвар муҳокима мекунанд. Дар сомонаи Палата омадааст, сарфи назар аз он, ки ғуломдорӣ дар кишвар ҳанӯз 150 сол пеш манъ шудаст, дар ҷомеаи муосир, ҳамчун василаи ҷиноии гирифтани даромади ҳангуфт эҳё гардидаст.
XS
SM
MD
LG