Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. 232 миллион $ зиён аз барқе, ки фурӯхта нашуд


Тоҷикистон аз 250 млн. долларе, ки бояд имсол аз фурӯши барқи иловагӣ ба даст меовард, ҳамагӣ 18 млн. дастрас кардааст.

Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, Душанбе аз фурӯши нерӯи барқ ба хориҷ тайи даҳ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 18 миллион доллар ба даст овардааст. Ин дар муқоиса бо имкону иқтидоре, ки Тоҷикистон дар фасли тобистон дорад, даҳҳо баробар камтар дониста мешавад.

Мақомоти "Барқи тоҷик" мегӯянд, ба далели набудани роҳи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар, об аз обанборҳои Тоҷикистон бе тавлиди барқ раҳо гардид. Ба ҳисоби онҳо, бо оби раҳошуда Тоҷикистон имкон дошт, 6,8 миллиард килловатт соат нерӯи барқ тавлид карда, аз фурӯши он ҳудуди 240 миллион доллар фоида ба даст орад.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ҳоли ҳозир ягона харидори барқи Тоҷикистон Афғонистон боқӣ мондааст, чун ба харидорони дигар бинобар хориҷ шудани Узбакистон аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна, дастрасӣ маҳдуд шудааст.

Тобистони имсол Тоҷикистон ҳудуди 450 миллион киловат-соат энергияи барқро бо нархи 3,57 сент барои як киловатт, ба Афғонистон интиқол дод. Гуфта мешавад, имкони интиқоли ҳаҷми бештари барқ дар фасли гармо ба Афғонистон вуҷуд дошт, аммо инфрасохтори энержии ин кишвар барои қабули барқ дар ҳаҷми зиёд омода набудааст.

Ин ҳолат дар Тоҷикистон соли севум аст, ки сурат мегирад. Ҳаҷми зиёни Тоҷикистон тайи се соли охир ҳудуди ним миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин баробари 25 фоизи буҷаи солонаи кишвар ё пули сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" мебошад.

Аммо дар фасли сармо Тоҷикистон аз ду даҳсола ба ин тараф ба камбуди шадиди барқ рӯ ба рӯст. Имсол ширкати "Барқи тоҷик" сар аз 7-уми октябр барои навоҳӣ маҳдудияти барқ ҷорӣ карданд. Соли гузашта дар кишвар аз 11-уми октябр ва соли 2010 аз 1-уми ноябр маҳдудият ҷорӣ шуда буд.

Ин ширкат таъкид мекунад, ки айни ҳол содироти барқ ба хориҷ қатъ гардида, танҳо миқдори ночиз тавассути хатти Сангтӯда-Пули Хумрӣ интиқол меёбад, ки бо мақсади таъмини амният ва пешгирии дуздии ноқилу симчӯбҳо амалӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG