Се фазонавард субҳи имрӯз аз Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ баргаштанд. Киштии ҳомили Юрий Маленченко аз Русия, Акиҳико Ҳошиде аз Ҷопон ва Сунита Виллямс аз Амрико дар Қазоқистон, 35 километр дуртар аз макони пешбинишуда, фуруд омад. Ин се фазонавард 126 рӯзро дар мадор ба сар бурданд. Ҳоло дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ 3 фазонаварди дигар – Олег Новитский ва Евгений Тарелкин аз Русия ва Кевин Форди амрикоӣ – боқӣ мемонанд. Онҳо дар поёни октябр барои як сафари панҷмоҳа ба мадор парвоз карданд. Дар моҳи декабр ба онҳо боз 3 фазонаварди дигар хоҳанд пайваст.