Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба масҷиди шиъаҳо дар Карочии Покистон


Пулиси Карочии Покистон мегӯяд, бар асари таркиши бомб дар назди масҷиди шиъаҳо дар ин шаҳри бандарӣ дастикам 2 тан кушта ва 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Бомб дар як мотосикл ҷобаҷо шуда буд. Ҳамчунин дар бораи тирандозӣ ва қатъ шудани интиқоли барқ ба минтақаи атрофи масҷид хабар расидааст. Ҳамлаи нав дар Карочӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки шиъаҳо моҳи муқаддаси Муҳаррамро таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG