Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун имрӯз ба Ховари Миёна меравад


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун эълон кард, ки ба манзури ҳимоят аз талошҳо барои расидан ба оташбас байни Исроил ва ҷангиёни Ҳамос дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза роҳии Мисру Исроил мешавад. Қарор аст, ӯ имрӯз бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад мурсӣ мулоқот кунад. Миср аз ҷумлаи чанд кишвари мусламонист, ки бо Исроил равобити дипломатӣ дорад, ва Мурсӣ фаъолона талош меварзад, то барои истиқрори оташбас байни раҳбарони Ҳамос ва мақомоти Исроил нақши миёнҷиро бозӣ кунад.
Ҳамлаҳои мушакии Ҳамос алайҳи Исроил боис шуд, ки Исроил аз 14 ноябр аз ҳавову баҳр ба бомбборони мавқеъҳои Ҳамос дар навори Ғаза шурӯъ кунад.То кунун дар ин мушакборонҳо ҳудуди 50 фаластинӣ ва 3 исроилӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG