Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги нави чирикиҳо бо давлати Конго


Чархболҳои СММ дирӯз мавқеъҳои чирикиҳоро дар шарқи Ҷумҳурии демократии Конго ҳамла карданд, вале натавонистанд монеъи пешрафти онҳо ба сӯи маркази вилояти Гома шаванд. Сухангӯи СММ тасдиқ кард, ки чирикиҳо ба фурудгоҳи Гома наздик шудаанд. Дирӯз даҳҳо ҳазор аз ин шаҳри ҷамъияташ 400 000 нафар фирор карданд. Даргириҳо байни чирикиҳо ва нирӯҳои давлатии таҳти ҳимояти СММ дар ин кишвари африқоӣ 15 ноябр оғоз шуда, дар поёни ҳафта шиддат ёфт. Мақомоти Конго иддао доранд, ки чирикиҳоро нирӯҳои Руанда ҳимоят мекунанд. Руанда инро радд мекунад. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз президенти Руанда Пол Кагаме хост, то нуфузаш бар чирикиҳои Конгоро барои қатъи ҳамла истифода кунад.
XS
SM
MD
LG