Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: "Исроил омодаи тавсиа амалиёт аст"


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, кишвараш омодаи ба таври чашмгир “васеъ кардани” амалиёт алайҳи тундравон дар Навори Ғазза аст. Ӯ дар ин бора рӯзи якшанбе дар нишасти ҳукумати Исроил сухан гуфт. Рӯзи панҷум аст, ки артиши Исроил шиллик ба Навори Ғаззаро ҳам аз ҳаво ва ҳам аз баҳр идома медиҳад. Бино ба гузоришҳо, дар ин ҳамлаҳо дафтарҳои кории ду расона осеб дида ва чанд хабарнигор ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Исроил мегӯяд, имрӯз ду мушаки дигари партобкардаи Ҳамосро дар фазои шаҳри Тел Авив нобуд карданд. Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, аз замони оғози амалиёти Исроил дар Навори Ғазза, аз рӯзи чаҳоршанбе то кунун, 50 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамлаҳои мушакӣ аз Ғазза ба Исроил се исроилӣ ҷон додаанд. Давлати Исроил мегӯяд, мехоҳад ба хотири поён додан ба ҳамлаҳои мушакӣ аз Ғазза, садҳо таъсисоти таҳти контроли Ҳамосро ҳадаф бигирад.
XS
SM
MD
LG