Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастранҷи якмоҳаи муҳоҷирон: 380 миллион доллар


Бино ба гузоришҳои ғайрирасмӣ, моҳи октябр муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон андаке бештар аз 380 миллион доллар фиристодаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин моҳи соли гузашта 12 дар сад бештар аст. Дар моҳномаи махсуси дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфта мешавад, бо афзоиши теъдоди муҳоҷирони корӣ, интиқоли пул ҳам ба кишвар бештар мешавад. Бар асоси омори расмӣ, дар муддати 10 моҳи гузашта бештар аз 765 ҳазор нафар, Тоҷикистонро тарк карда ва тақрибан 485 ҳазор нафар баргаштаанд. Аз миёни онҳое, ки Тоҷикистонро тарк кардаанд, андаке камтар аз 100 ҳазор нафарашон зан будаанд.
XS
SM
MD
LG