Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил ба амалиёт дар Ғаза омода аст


Артиши Исроил изҳор намуд, ки омодагиҳо ба амалиёти заминӣ дар навори Ғазаро поён дод ва дар сурати расидани фармон амалиётро шурӯъ мекунад.

Рӯзи ҷумъа мушакборони Исроил аз навори Ғаза ва зарбаҳои ҳавоии Исроил ба ин Ғаза идома ёфт. Теъдоди қурбониёни низоъ, ки ду рӯз пеш шурӯъ шуд, ба 25 нафар расид. Дар Ғаза рӯзи ҷумъа дасти кам 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар Каронаи бохтарии руди Урдун, Миср ва Эрон намоишҳои зиддиисроилӣ баргузор шуданд. Рӯзи ҷумъа нахуствазири Миср Ҳишом Қандил ба нишони ҳамраъйӣ бо мардуми Фаластин аз навори Ғаза дидан кард ва низоъро “таҷовуз аз сӯи Исроил” номид.
XS
SM
MD
LG