Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумалиев: Манас фурудгоҳи ғайринизомӣ хоҳад шуд


Мухтор Ҷумалиев
Мухтор Ҷумалиев
Мухтор Ҷумалиев, сафири Қирғизистон дар ИМА, гуфт, ки Маркази интиқоли бори ИМА дар фурудгоҳи Манаси канори шаҳри Бишкек баъд аз соли 2014 ба маркази авиатсияи гражданӣ табдил мешавад. Ба гуфтаи ӯ, тағйирот баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон сурат мегирад.

Айни ҳол фурудгоҳи Манас аз сӯи НАТО барои интиқоли борҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон истифода мешавад. Ҷумалиев аз посух ба суол дар бораи он ки баъд аз хуруҷи нерӯҳо дар Манас сарбозони амрикоӣ боқӣ хоҳанд монд ё не, сарпечӣ кард.

Сафири Қирғизистон гуфт, ки Бишкек барои ҳузури маркази амрикоӣ дар Манас ҳамасола 60 миллион доллар иҷорапулӣ ва ҳамчунин аз молиёту дигар пардохтҳо 200-300 миллион доллар дарёфт мекунад, ки барои иқтисоди кишвар басо муҳим аст.
XS
SM
MD
LG