Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия Эътилофи мухолифини Сурияро эътироф кард


Туркия Эътилофи мухолифини Сурияро ягона намояндаи қонунии манфиатҳои мардуми Сурия мешуморад. Изҳороти вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу дар ин бора дар нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Ҷибутӣ садо дод. Ӯ аз дигар кишварҳои узви созмон даъвати пайравӣ ба ин иқдоми Туркияро кард.

Қаблан Эътилофи мухолифини Сурияро, ки рӯзи якшанбе пас аз музокирот дар Қатар таъсис шуд, Фаронса ба расмият шинохта буд. Мақомоти Димишқ тасмими Порисро “бадахлоқона” арзёбӣ карда буданд.

Кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз давлатҳои арабӣ муддат тулонӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани ҳукумати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҳарф мезаданд ва аммо парокандагии гурӯҳҳои мухолифин то рӯзҳои ахир имкон намедод, ки онҳо ягон иттиҳоди мухолифинро чун намояндаи қонунии манфиатҳои мардуми Сурия эътироф кунанд.
XS
SM
MD
LG