Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 2014 ниёз аст"


Дар Кобул музокирот роҷеъ ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, оғоз шудааст.

Рӯзи панҷшанбе дар Кобул ҳайатҳои ИМА ва Афғонистон шароити ҳузур ва мақоми сарбозони амрикоиро, ки баъди соли 2014-ум, яъне баъди хуруҷи нерӯҳои паймони НАТО дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, ба баррасӣ гирифтанд. Дар ин музокирот шумораи сарбозони амрикоӣ, вазифаҳои онҳо ва мӯҳлати буду бошашон дар Афғонистон ташхис хоҳад шуд.

Ҷеймс Варлик, муовини фиристодаи ИМА дар Афғонистону Покистон, ки раҳбарии ҳайати музокиракунандаи Амрикоро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, дар музокирот чаҳорчӯби қонунии ҳузури сарбозони амрикоӣ баъди соли 2014-ум муайян мешавад: “Ҳадаф аз таҳияи ин санад, ташхиси мақоми ҳуқуқии нерӯҳои мусаллаҳ ва афродии мулкии ИМА аст, ки бо пуштибонии ҳукумати Афғонистон дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд.”

Ҳамчунин ду ҷониб бояд имкони тақдими масуният аз муҷозоти сарбозони амрикоӣ бар пояи қонунҳои Афғонистонро баҳс хоҳанд кард. Дар изҳороти муштараки ду ҷониб гуфта мешавад, ки ИМА дар пайи танзими ҳузури доимӣ дар Афғонистон нест. Ҳамчунин ИМА ҳадаф надорад дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ бунёд намояд ва ё бо ҳузураш ба ҳамсояҳои Афғонистон таҳдид кунад.

Сафири Афғонистон дар ИМА Эклил Ҳакимӣ, ки сарварии ҳайати музокиракунандаи ҷониби афғонро бар дӯш дорад, мегӯяд, гуфтушунид бо назардошти қонуни асосӣ ва эҳтиром ба истиқлоли миллии Афғонистон ҷараён дорад.Дар ҳамин ҳол раиси ҳайати музокиракунандаи ИМА мегӯяд, ки созиши миёни ду тараф асоси ҳамкориҳои амниятии Кобул ва Вашингтон хоҳад буд.
Тибқи гузоришҳо баъди соли 2014-ум ИМА мехоҳад то 20 ҳазор сарбозашро ба хотири кӯмак ба артиши Афғонистон ва таъқиби гурӯҳҳои даҳшатафкани шабеҳи Ал-Қоида дар Афғонистон нигаҳ дорад.

Генерал Ҷозеф Данфорд, ки аз тарафи президенти ИМА Барак Обама ба вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон пешбарӣ шудааст, иброз дошт, ки ба ақидаи ӯ сарбозони амрикоӣ бояд баъди 2014-ум низ дар Афғонистон бошанд. Рӯзи панҷшанбе генерал Данфорд ба аъзои Сенати ИМА гуфт, баъди соли 2014-ум вазифаи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон яке муқовимат ба терроризм ва дигаре кӯмак ба нерӯҳои афғон хоҳад буд. Ба суоли сенаторон дар бораи шумораи дақиқи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон, генерал Данфорд ҷавоби мушаххас надод, вале таъкид кард, ки 1 ҳазор сарбоз кофӣ нахоҳад буд.

Феълан дар Афғонистон тахминан 66 ҳазор низомии амрикоӣ мустақар мебошанд. Дар ҳоле нерӯҳои афғон ба тадриҷ масъулиятҳои амниятиро бар дӯш мегиранд, маълум нест соли оянда чӣ шуморе аз низомиёни Амрико дар Афғонистон боқӣ мемонанд. Нерӯҳои дигар кишварҳои низ пешбураи амалиёти ҷангиро канор гузошта, бештар ба машварат, тамрин ва кӯмаки артиши афғон рӯй меоранд.

Соли равон ИМА ва Афғонистон қарордоди ҳамкориҳои стратегии миёни ду кишварро имзо карданд. Дар ин санад нақши ИМА дар Афғонистон баъди соли 2014-ум ва аз ҷумла кӯмакҳои ИМА ба ин кишвар зикр шудааст. Аммо қарордоди мазкур шумораи сарбозони амрикоиро, ки баъди соли 2014-ум дар Афғонистон мемонанд, муайян накардааст. Ин масъала эҳтимол дар музокироти феълии ҷонибҳо, ки то як моҳ идома хоҳад кард, ҳаллу фасл шавад.
XS
SM
MD
LG