Вакилони мардумии Маҷлиси шаҳри Душанбе дар нишасти ахири худ, ба хотири эҳтиром ва хотираи абадии як қатор арбобони сиёсӣ ва чеҳраҳои маъруфи фарҳангу ҳунари кишвар номи бархе аз кӯчаҳои пойтахтро иваз намудаанд.
Дафтари матбуоти Ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки аз ҷумла кӯчаи «Проектная» ба номи арбоби шоистаи сиёсӣ ва илми Тоҷикистон, Муҳаммад Осимӣ гузошта шуд. Хиёбони «Интернатсионалная» воқеъ дар маркази пойтахт ба номи собиқ раиси Маҷлиси намояндагон, Сафаралӣ Раҷабов, кӯчаи «Железнякӣ» ба номи гурғулисарои маъруфи тоҷик, Ҳикмат Ризо, кӯчаи «Батутина» ба номи оҳангсози маъруф, Хайруллеов, кӯчаи «Сеченов» ба номи собиқ раиси Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон, Дамир Дустмуҳаммедов, кучаи ба номи «Баумян»- ро ба номи собиқ раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Султон Умаров иваз карда шудааст.
Ин тағйирот дар Иҷлосияи 11-уми Маҷлиси шаҳрӣ сурат гирифт, ки таҳти сарварии шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор карда шуд. Дар ин Иҷлосияи маҷлиси шаҳрӣ, масоили татбиқи барномаи иқтисодӣ ва иҷтимоии марбут ба рушди пойтахт баррасӣ шудааст. Дар он ҳамчунин масъалаи таъсиси як Кумиссиони вакилони маҷлиси шаҳрӣ ба хотири иваз намудани ному унвонҳои хиёбону майдонҳо ва кӯчаҳои пойтахт баррасӣ шудааст.