Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши навори ҳамла болои консулгарии Бенғозӣ


Рӯзи панҷшанбе афсарони амниятӣ ба вакилони мардумии ИМА навори ҳаводиси рӯзи 11-уми сентябр дар гирду атрофи консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозии Либияро намоиш доданд. Дар он ҳодиса сафири ИМА дар Либия ва се дипломати дигари амрикоӣ кушта шуданд. Суолҳои беҷавоб дар иртибот бо ин ҳамла боис шудаанд, ки Конгресс ба тафтиши он рӯй овардааст. Сенатори демократ Дайана Фейнстейн-раиси Кумитаи иктишофии сенат мегӯяд, филм бо истифода аз чанд манбаъ таҳия шудааст. Рӯзи ҷумъа собиқ раиси Идораи марказии кашфи ИМА Дейвид петреус ба суолҳои сенаторон дар иртибот ин ҳамла посух хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG