Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистонӣ бо ҷурми куфр маҳкум ба марг шуд


Рӯзи панҷшанбе додгоҳи ноҳияи шимолу ғарбии Читрали Покистон мардеро бо ҷурми куфр ба марг маҳкум кард. Полис мегӯяд, Ҳазрат Алӣ Шоҳ каме беш аз 20 сол дорад. Ӯ моҳи март бо айбномаи тавҳин ба пайғамбари дини ислом ба ҳабс гирифта шудааст. Ин аввалин ҳукми эъдом бо ҷурми куфр аст, ки аз соли 2010-ум ба ин тараф дар Покистон содир мешавад. Ду сол пеш зани насронӣ бо номи Осиёбибӣ бо ҷурми тавҳини ислом ҳукми марг гирифт. Вале то ҳанӯз ин ҳукм иҷро нашудааст. Қазияи Осиёбибӣ садои эътирозҳои байналмилалӣ бар зидди ҳукми эъдом ба хотири куфрро, ки солҳои ҳаштодуми қарни гузашта аз тарафи собиқ диктатори покистонӣ Зиёулфақ ҷорӣ шудааст, баланд кард. То имрӯз ягон нафар бо ҷурми тавҳини ислом эъдом нашудааст, зеро одатан додгоҳи аппелятсионӣ онро лағв мекунад.
XS
SM
MD
LG