Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгаи мошинҳои “офтобӣ” дар Чилӣ оғоз ёфт


Рӯзи панҷшанбе дар биёбони Атакамаи Чилӣ дуввумин пойгаи мошинҳое, ки бо нерӯи офтоб ҳаракат мекунанд, оғоз ёфт. 15 мошини ба истилоҳ “офтобӣ” аз Аргентина, Чилӣ, Венесуэла ва Ҳиндустон бояд дар давоми чор рӯз 1300 километрро тай кунанд. Леонардо Сагуас аз донишгоҳи маҳаллии Ла Серена мегӯяд, ин мошинҳо метавонанд дар як соат то 120 километрро пушти сар кунанд.
XS
SM
MD
LG