Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯён аз раисиҷумҳур стипендия талаб доранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ба таъхири пардохти стипендияи президентиашон хотима бахшад.

Як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик, ки бо стипендияи президентӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд, аз таъхири пардохти идрорпулиашон шикоят мекунанд.

Гурӯҳи 17-нафарии донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Маскав ва Санкт-Петербург таҳсил мекунанд, дар як номаи боз ба президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зикр кардаанд, ки гирандагони стипендияи байналмилалии президентии "Дурахшандагон" мебошанд ва наметавонанд саривақт идрорпулиашонро дарёфт кунанд. Онҳо дар номаи худ таъкид кардаанд, ки дар ин ҳол маҷбуранд аз идомаи таҳсил даст кашанд ва аз пайи кору машғулияти дигар бошанд.

Донишҷӯён менависанд, Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия маблағҳои муқарраршуда, аз ҷумла маблағи суғуртаи тиббии донишҷӯёнро сари вақт пардохт намекунад. "Дар натиҷа дар бисёр ҳолатҳо донишҷӯён ба сессияи имтиҳонот роҳ дода намешаванд ва ба рӯйхати хориҷшавандагон шомил мегарданд",-таъкид шудааст дар номаи донишҷӯён.

Вазорати маорифи Тоҷикитон мегӯяд, аз мушкили донишҷуён дар Маскав ва Санкт Петербург хабардор аст. Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, таъхиркориҳо ба иваз шудани раҳбарияти Маркази барномаҳои байналмилалии ин вазорат рабт дорад: "Тӯли 4 моҳ Маркази мазкур мудир надошт ва кормандони дигар, ки мӯҳр надоштанд, натавонистанд маблағи донишҷӯёнро равон намоянд."

Масъулини вазорат мегӯянд, аллакай қисмате аз маблағи донишҷӯёнро равон кардаанд ва талош мекунанд ояндаи наздик идрорпулии он 17 нафарро, ки ба президент муроҷиат кардаанд, пардохт намоянд. Стипендияи байналмилалии президентии "Дурахшандагон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми апрели соли 2009 таъсис ёфтаст, ба донишҷуёни соҳибистеъдод дода мешавад.
XS
SM
MD
LG