Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон чанд зиндонии Толибро озод кардааст


Вазорати умури хориҷии Покистон гуфт, ки теъдоде аз зиндониёни Толибро озод кардааст. Дар баёнияи муштараки ин вазорат ва Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, гурӯҳе аз Толибонро бо дархости Афғонистон ва ба хотири ҳимоят аз раванди мусолиҳа дар ин кишвар раҳо карданд. Афғонистону Покистон умедворанд, иқдоми мазкур Толибонро ба музокироти сулҳ ва хотимаи ҷанг дар Афғонистон мойил хоҳад кард ва имкон хоҳад дод, ҳукумати фарогире бо намояндагӣ аз тамоми ҷиноҳҳои муҳими Афғонистон таъсис дода шавад. Дар баёнияи муштарак, Афғонистону Покистон аз Толибон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ хостаанд, “барои поён додан ба муноқиша, ба раванди сулҳи ба раҳбарии худи афғонҳо” бипайванданд.
XS
SM
MD
LG