Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони "Набарди қаҳрамонҳо" муайян шуданд


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба самбои варзишӣ ва якҳарбаҳои омехта бо номи “Набарди қаҳрамонҳо” дар Душанбе, дар маркази варзишии “Элит” баргузор шуд. Дар ин мусобиқа, ки қабл аз “Ҷоми Исмоили Сомонӣ”сабқати интихобӣ маҳсуб мешуд, зӯртарин варзишгарони кишвар ширкат доштанд. 26 нафар аз рӯи 6 дараҷаи вазнҳо рақобат карданд.
Ба тамошогарон, бахусус, ҳунарнамоии ғолибони бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ ва “Ҷоми Исмоили Сомонӣ” Фирдавс Салоҳов, Ҷамшед Мавлонов, Шоҳин Сафаров, Артур Одилбеков ва дигарон писанд омад. Онҳо бар рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Супербой ё қувваозмоии олӣ миёни Муродҷон Тӯйчиев, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнониву румӣ, ва Зоир Пиров, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба ориентал, ки хеле тезу тунд гузашт, бо ғалабаи Тӯйчиев хотима ёфт.
Ба иттилои Аҳтам Хокиров, раиси Лигаи самбои размӣ ва якҳарбаҳои омехтаи Тоҷикистон, ғолибони ин мусобиқа минбаъд Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG