Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз ҳамлаи Исроил болои Ғазза пуштибонӣ кард


Бенямин Натаняҳу-сарвазири Исроил
Бенямин Натаняҳу-сарвазири Исроил
Рӯзи чоршанбе ИМА изҳор намуд, ки аз ҳамлаҳои Исроил болои ҷангҷӯёни Ҳамос ва коргоҳҳои тавлиди силоҳ пуштибонӣ мекунад. Дар айни замон Вашингтон аз мақомоти исроилӣ хостааст, ки ҳадди имкон аз талафоти мардуми осоишта ҷилавгирӣ кунад. Дар изҳороти департаменти давлатии ИМА гуфта мешавад, ки Вашингтон мушакборони ҷануби Исроил аз минтақаи Ғаззаро маҳкум мекунад. Низомиёни Исроил тасдиқ кардаанд, ки бар асари як ҳамлаи ҳавоӣ фармондеҳи низомии Ҳамос Аҳмад ал-Ҷаъбарӣ кушта шуд. Дар ин бора сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу мегӯяд:
Мо ба Ҳамос ва дигар созмонҳои террористӣ паёми возеҳ фиристодем. Агар зарур шавад, нерӯи мудофиаи Исроил ҳозир аст, ин амалиётро тавсеа бахшад. Мо ба хотири ҳимояти шаҳрвандонамон чизеро дареғ нахоҳем дошт.”
Гурӯҳи Изаддин ал-Қассам, ки ҷиноҳи ҷангии Ҳамос мебошад, ваъда додааст, ки қасоси куштори фаъолонашро хоҳад гирифт. Шоми чоршанбе дар натиаҷаи силсилаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар минтақаи зери назорати Ҳамос камаш шаш фаластинӣ кушта шуданд. Ин ҳамлаи Исроил ҷавоб ба мушакборони давлати яҳудӣ аз қаламрави минтақаи Ғазза будааст.
Шоми чоршанбе Шӯрои Амниятии СММ дар пушти дарҳои баста ҳамлаҳои Исроил болои Ғазза мавриди баҳс қарор дод.
Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ сафири Исроил дар Қоҳира даъват намуда, бар зидди камаш ҳамлаи ҳавоии Исроил, ки ахиран ба вуқӯъ пайвастааст, эътироз баён кард.
XS
SM
MD
LG