Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:“Петреус ба амнияти миллӣ зарба назадааст.”


 Президенти ИМА Барак Обама дар нишасти матбуотии 14-уми ноябри соли 2012
Президенти ИМА Барак Обама дар нишасти матбуотии 14-уми ноябри соли 2012
Дар аввалин нишасти матбуотии баъди пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА Барак Обама гуфт, ҳеҷ шаҳодате дастрас нашудааст, ки қазияи ишқварзии генерал Дейвид Петреус ба амнияти миллӣ зарба зада бошад. Нуҳуми ноябр баъди ошкоршавии равобити ғайришаръии генерал Петреус бо хабарнигор Пола Бродвел ин фармондеҳи собиқадори ҷанги Ироқу Афғонистон аз мансаби раиси Идораи Марказии кашфи ИМА истеъфо дод ва ҳоло муфаттишон таҳқиқ доранд, ки оё ягон санади махфӣ ба дасти Бродвел расида буд ё не?
Президент Обама ба корномаи Петреус баҳои баланд дод:
Генерал Петреус корномаи фавқулода дорад. Ӯ дар Ироқ, Афғонистон ва Идораи марказии кашфи ИМА бо садоқат ба ватанаш хидмат кардааст. Бар пояи арзёбии шахсии худаш, ӯ бо ишора мушкилиҳои шахсӣ бо оила ва ҳамсараш итминон дорад, ки ба меъёрҳои зарурӣ барои раиси Идораи марказии кашфи ИМА ҷавобгӯй нест.”
XS
SM
MD
LG