Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори хилофи ҳамдигар дар бораи раҳоии Толибон


Рӯзи чоршанбе гузоришҳои зидду нақиз дар бораи мувофиқати раҳоии як идда Толибони афғон аз зиндонҳои Покистон нашр шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон тасдиқ накардааст, ки мақомоти Исломободу Кобул дар бораи раҳоии гурӯҳе аз Толибони афғон ба созиш омада бошанд.
Дар сӯҳбати бо Радиои Озодӣ Муҳаммад Маъсум Станекзай узви Шӯрои сулҳи Афғонистон гуфт, ӯ бовар дорад, ки музокирот бо мақомоти покистонӣ пурсамар хоҳанд буд. Ба қавли номбурда раҳоии Толибони афғон аз зиндонҳои покистонӣ як бахши ин музокирот буда, вале то ҳанӯз дар ин бора мувофиқате ҳосил нашудааст.
Аммо хабаргузориҳои ғарбӣ маълeмот медиҳанд, ки аллакай гурӯҳе аз Толибон озод шудааст. Ҳамин манбаъҳо афзудаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳафт намояндаи саҳти миёна ва поёнии Толибони афғон аз зиндонҳои покистонӣ раҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG