Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ тасмими Фаронсаро "ғайриахлоқӣ" номид


Фасал Меқдод
Фасал Меқдод
Мақомоти Сурия тасмими Фаронса барои ба расмият шинохтани Эътилофи мухолифини Сурияро ғайриахлоқӣ номид. Муовини вазири умури хориҷии Сурия Файсал Меқдод гуфт, ки "Порис кӯмаки худро ба қотилону террористҳо пешниҳод кардааст". Мансабдори суриягӣ афзуд, ки "Фаронса хостори тахриби давлати Сурия аст".

Рӯзи сешанбе Фаронса миёни кишварҳои ғарбӣ аввалин шуда, эътилофи мухолифини Сурияро, ки дар поёни музокирот дар Қатар таъсис шуд, чун ягона намояндаи манфиатҳои мардуми Сурия ба расмият шинохт. Ҳамон рӯз вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар ҷараёни музокирот дар Қоҳира изҳор намуданд, ки аз таъсиси эътилофи мухолифини Сурия истиқбол мекунанд ва онро гоми муҳим дар роҳи хатми низоъ миёни ҳукумати Башор Асад ва мухолифин мехонанд.
XS
SM
MD
LG