Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани Ҳизби коммунисти Чин поён ёфт


Дар Пекин анҷумани 18-уми Ҳизби коммунисти Чин поён ёфт. Қарор аст, ки фардо бар асари натоиҷи кори анҷуман номи раҳбарони нави ҳизб ва давлат эълон шавад.

Аз ин пеш раҳбари феълии Ҷумҳурии халқии Чин ва Дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин Ҳу Ҷин Тао иқрор намуд, ки фасод тавони ҳизбро заъиф кардааст. Аммо ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Ҳизби коммунист "метавонад мустақилона ва бидуни ҷарроҳӣ ин маризиро шифо бахшад". Нозирон гуфтаҳои раҳбари феълии Чинро чун васият ба Си Сзян Пин, ҷойгузини эҳтимолии Ҳу Ҷин Тао дар мақоми раҳбари ҳизбу давлат, арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG