Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод хабари ризояти раҳоии маҳбусонро тайид накард


Салоҳиддин Раббонӣ
Салоҳиддин Раббонӣ
Вазорати умури хориҷии Покистон аз тайиди хабари ризояти Исломобод барои раҳоии чанд толиби маҳбуси афғон сарпечӣ кард. Намояндаи расмии вазорат бар Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз нафаре аз ин маҳбусон зиндонро тарк накардааст.

Аз ин пеш расонаҳои ғарбӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар Кобулу Исломобод дар бораи ризояти ҳукумати Покистон барои раҳоии толибони афғони маҳбус хабар доданд. Гуфта шуд, ки созиш дар ин бора дар ҷараёни музокирот миёни ҳукумати Покистон ва ҳайати Афғонистон таҳти сарварии Салоҳиддин Раббонӣ, ки талоши ба роҳ мондани музокирот дар чаҳорчӯби оштии миллиро дорад, ҳосил шудааст. Як ҳадафи ин гурӯҳ - раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар аст, ки моҳи феврали соли 2010 дар шаҳри Қарочии Покистон боздошт ва зиндонӣ шуд.

Раванди сулҳ дар Афғонистон бо музокироти миёни Кобул ва раҳбарони ҷунбиши “Толибон”, ки бархе онҳо дар Покистон мустақаранд, иртибот дорад. Мулло Абдулғанӣ Бародар аз шахсиятҳои калидие маҳсуб мешавад, ки тавони бо ҳукумат оштӣ додани теъдоди бузурги толибонро дорад.
XS
SM
MD
LG