Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷаҳоноро" аз додгоҳ қатъи парвандаашро талаб кард


Намое аз шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.
Намое аз шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.

Телевизиони “Ҷаҳоноро” дар Чкалов аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд талаб кардааст, парванда алайҳи ин муассисаро қатъ намояд.

Додситонии вилояти Суғд охири моҳи сентябри соли равон алайҳи телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” барои пахши хабари «нодуруст» дар бораи ҳалокати 38 нафар дар сӯхтори бозори “Корвон”, мутобиқи банди 373- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, парванда боз карда буд.

Як манбаъи наздик ба тафтиши ин қазия аз додситонӣ ба “Озодӣ” гуфт, дар сарчашмаи иттилоъ шумораи эҳтимолии ҳалокшудагон “бинобар маълумоти ғайрирасмӣ 3 – 8 нафар” нашр шуда буд, вале “Ҷаҳоноро" бидуни санҷиш, иштибоҳан онро “38 нафар” эълон кард, вале баъдан ҳам дар мавриди хабари нодурусти худ раддия пахш накард.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи телевизиони мазкур ба “Озодӣ” гуфт, манбаъи он хабар хабаргузории “Тоҷнюс” буда, Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар чунин ҳолат истифодакунандаи онро “бо зикри манбаъ” аз ҷавобгарӣ озод менамояд. Ҳамчунин, дар пайи пахши он хабар, “Ҷаҳоноро” раддия пахш карда, хабари дурустро дар ихтиёри бинандаҳои худ гузошт, вале аз ҷониби мақомот нодида гирифта шуд.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи "Ҷаҳоноро"
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи "Ҷаҳоноро"
Хонум Ҷӯраева афзуд, додситонӣ бо мухолифат ба қонунгузорӣ беш аз 40 рӯзи баъди ифтитоҳи парванда аз додани нусхаи қарор ба “Ҷаҳоноро” худдорӣ мекард ва онҳо ҳамакнун баъди ба даст овардани он, ба додгоҳ шикот бурданд. Дар сурати исботи шудани даъвои додситонӣ, қонун ба раҳбар ва сармуҳаррири телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” аз 30 тоо 200 нишондиҳандаи ҳадди ақал ҷарима пешбинӣ кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигорони “Ҷаҳоноро”, пас аз нашри хабари нодуруст мақомот роҳбар ва сармуҳаррири телевизиони мазкурро мавриди фишору таҳдид қарор додаанд. Маҳмудон Дадобоев, раҳбари “Ҷаҳоноро” ба “Озодӣ” гуфт, дар пайи фишорҳои мақомот ва соҳиби телевизион, ночор зери аризаи истеъфои худ имзо гузошт.

Телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” соли 1992 таъсис ёфта, субҳу шом 8 соат намоиш пахш мекунад. Ҳамчунин, дар канори он радиои ҳамномаш низ аз моҳи июли соли равон бо 6 соат барномаҳои хабариву мусиқӣ дар шабонарӯз фаъол шудааст.
XS
SM
MD
LG