Шаҳрдории Душанбе амр кардааст, ки то 1-уми январи соли равон тамоми шиору овезаҳои таблиғотӣ дар ҳудуди пойтахт тоҷикӣ карда шаванд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ мегӯяд, ин тасмим ба хотири ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ мутобиқ кардани овезаву шиорҳои таблиғотии пойтахт аст. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе зимни ҷаласаи охирини шаҳрдорӣ муовинаш Санавбар Раҳимоваро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои ноҳияҳо ва комиссияҳои зирабти шаҳру ноҳияҳо, то 1-уми январи соли 2013 камбудиҳои мавҷударо комилан бартараф кунанд. Шавкат Саидов мегӯяд, то якуми январи соли оянда шиору овезаҳои таблиғотии пойтахт ҳатман ба забони тарҷума хоҳанд шуд ва навиштаҷоти таблиғотӣ бо забонҳои русӣ ва ё англисӣ бо салоҳдиди рекламадиҳанда хоҳанд буд. Вай афзуд, брендҳо тарҷума намешаванд, аммо матну тафсилоти таблиғотӣ бо забони давлатӣ навишта мешаванд.