Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дузд аз хазинаи шоҳӣ фақат калид дуздидааст


Дар Бурҷи Лондон, ки яке аз минтақаҳои марказии пойтахти Британия ва хазинаи ҷавоҳироти шоҳии ин кишвар мебошад, рахнаи амниятӣ ба қайд гирифта шуд. Мансабдорони хазинаи шоҳӣ мегӯянд, тамоми ҷавоҳирот дар ҷояшон мебошанд, вале як ҳафта пеш меҳмонони нохонда баъзе калидҳоро рабуданд. Аз ин рӯ, як идда қуфлҳо табдил шудаанд. Рӯзи сешанбе полис гузориш дод, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар байни ҷавоҳироти Бурҷи Лондон тоҷи шоҳии Британия ба намоиш гузошта шудааст, ки аз тахминан 2 килограмм тило ва алмоси маъруфи 105 каратаи Кӯҳи Нур иборат аст. Бурҷи Лондонро горди фахрии маъруф бо номи Бифитерс (Beefeaters) назорат мекунад.
XS
SM
MD
LG