Қасри Сафед мегӯяд, президенти ИМА Барак Обама ба генерал Ҷон Аллен эътимод дорад ва дар ҳоле ки тафтиши рафтори ношоями ӯ оғоз ёфтааст, Аллен ҳамоно фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳоли ҳозир муфаттишон мухобироти ба истилоҳ “ғайри қобили қабули” генерал Аллен бо як занеро тафтиш доранд, ки дар маркази ҷанҷоли собиқ раиси Идораи марказии кашфи ИМА ё худ CIA генерал Дейвид Петреус қарор дорад.
Ба қавли вазорати мудофиаи ИМА дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки дар байни солҳои 2010-2012-ум генерал Аллен бо хонум Ҷилл Келлӣ ҳазорҳо саҳифа мухобирот доштааст.
Ҷей Карней сухангӯи Қасри Сафед мегӯяд:
“Бо дархости вазири мудофиа президент Обама пешбарии генерал Аллен ба мансаби фармондеҳи нерӯҳои Нато дар Аврупоро то замони анҷоми таҳқиқи қазия дар вазорати мудофиа ба таъхир гузошт.”
Тибқи нақша рӯзи панҷшанбе генерал Аллен мебоист дар Сенати ИМА ба ҳайси фармондеҳи нерӯҳои паймони НАТО дар Аврупо тасдиқ шавад.