Замони тафтиши қазияи куштори Холмӯъмин Сафаров-раҳбари раёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳур то ду моҳи дигар тамдид шудааст.
Ҷӯрабой Сӯфиев-вакили мудофеи Диловар Қосимов-нафари муттаҳам дар ин куштор ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ расидагӣ ба парвандаро то 15 январи соли равон тамдид намуданд.
Додситонии кул аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон , яъне 105 (куштор) ва 195 (нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ) муҷримро муттаҳам мекунад.
Холмӯмин Сафаров моҳи июни соли равон дар назди манзили худ кушта шуд. То ҳол тафтишот ба далоили ин куштор рӯшанӣ наандохтааст. Ин навбати саввум аст, ки тафтиши парвандаи вай тамдид мешавад.