Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқварзии фармондеҳи амрикоӣ дар Афғонистон бозрасӣ мешавад


Генерал Ҷон Аллен
Генерал Ҷон Аллен
Бино ба гузоришҳо, генерел Ҷон Аллен-фармондеҳи аршади нируҳои Амрико дар Афғонистон гӯё барои “робитаҳои нораво” бо як хонум таҳти бозпурсӣ қарор дорад. Сабаби аслии моҷаро ҳамин хонум будааст ва ба моҷаро Дэвид Петреус-раиси пешини CIA ё раиси Маркази Иттилоъоти Амрико низ кашонда шудааст.

Мақомоти вазорати дифои Амрико мегӯянд, ки бозрасон ҳазорон сафҳа аз мукотибаҳои миёни Аллен ва хонум Ҷилл Келлиро ифшо кардаанд. Ин мукотибаҳо байни солҳои 2010-2012 сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Келлӣ аз Паула Бродвелл, зане, ки бо Дэвид Петреус робитаҳои ошиқона доштааст, номаҳои электронии таҳдидкунанда мегирифтааст.

Леон Панетта-вазири дифои Амрико дар изҳороте гуфтааст, ки номзадии генерал Аллен барои ишғоли мақоми Фармондеҳии нируҳои Амрикову Аврупо ва Фармондеҳии олии нируҳои муттаҳида дар Аврупо то замони рӯшан шудани ин қазия боздошта мешавад.

Ҷон Аллен ба ҷои Дэвид Петреус фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон таин шуда буд.
XS
SM
MD
LG