Рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо гуфт, дар интихоботи парламентии Украина, ки 28-уми октябр доир шуд, таъхири ҳисоби овозҳо ва дигар хилофкориҳо ҷой доштаанд. Раиси умури хориҷии Иттиҳодия хонум Кетрин Эштон ва комиссари тавсеаи ин созмон Стефан Фуеле аз амалҳое, ки баъди овоздиҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Ба қавли онҳо таъхир ва дигар хилофкориҳо ҳангоми ҳисоби овозҳо ҷой дошта, ин раванд шаффоф набудааст. Тибқи ҳисобҳои ниҳоӣ ҳизби минтақаҳои зери раҳбарии президенти Украина Виктор Янукович ва дигар иттифоқчиёни ӯ назорати парламенти ин кишварро ҳифз намудаанд. Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба камбудиҳо дар интихобот, низоми додгоҳӣ ва ҳабси сиёсатмадори мухолифи ҳукумат-собиқ сарвазири Украина Юлия Тимошенко, музокироти тиҷорат бо Украинаро мутаваққиф кардааст.
Иттиҳодияи Аврупо интихоботи Украинаро танқид кард
