Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнони мӯҳтоҷ ба зудӣ кӯмаки молӣ нахоҳад гирифт


Раиси вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро гуфт, бо вуҷуди тасвиби буҷаи соли ояндаи Юнон, ин кишвар то рӯзи душанбе кӯмаки молии навбатиро дарёфт нахоҳад кард. Кам кардани хароҷоти буҷа ва барномаҳои дигари сарфаҷӯӣ дар Юнони мӯҳтоҷи кӯмаки молӣ, аз шартҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ки қарор аст, ба Юнон 40 миллиард доллари дигар кӯмак кунанд. Жан Клод Ҷанке, раиси вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро гуфт, қарори ихтисоси қарз ба Юнон ба таъхир андохта хоҳад шуд, зеро ҳанӯз созише дар бораи дар ҳадди эътидол нигаҳ доштани қарзҳои Юнон ҳосил нашудааст. Давлати Юнон гуфтааст, дар сурати нагирифтани кӯмаки навбатӣ, хазинааш то чанд рӯзи дигар холӣ хоҳад шуд. Як назархоҳӣ дар Юнон нишон додааст, ки ҳоло 85 дари сади мардуми ин кишвар мушкили молӣ доштаанд.
XS
SM
MD
LG