Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти гунаҳкорони бозии “Истаравшан” ва “Энергетик”


Дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гунаҳкорони бозии “Истаравшан” - “Энергетик” муҷозот шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии дастаи мизбон - «Истаравшан» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо «Энергетик»-и Душанбе ба иллати бетартибии мухлисону футболбозон дар дақиқаи 81-ум, замоне ки ҳисоб 1:1 буд, қатъ гардид.

Ин воқеаи нохуш дар кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ ва нисбати гунаҳкорон чунин тасмим гирифта шуд:

Миралӣ Муродов ва Сафархон Мирзоев, бозигарони дастаи «Энергетик”, барои лату кӯби сардовари бозӣ Баҳром Саъдуллоев ҳар кадом ба мӯҳлати як сол аз мусобиқа маҳрум ва ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шаванд.

Шодибек Ғаффоров, Умед Чоршанбиев, Павел Калугин, бозигарони “Энергетик”, барои латукӯби сардовар ҳар кадом аз 10 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шаванд.

Роҳбарияти бошгоҳи футболи “Энергетик» барои ахлоқи ғайриварзишӣ, кори пасти тарбиявӣ, иштироки бозигарони даста дар лату кӯби сардовар ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, дар мавриди такрори чунин ҳолат нисбати онҳо чораҳои қатъитар то аз мусобиқаи қаҳрамонии кишвар хориҷ кардани даста дида хоҳад шуд.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ширкаткунандагони бозӣ аз гузаронидани 2 бозии чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шавад.

Беҳзод Мӯсоев, бозигари дастаи “Истаравшан”, барои иштирок дар лату кӯби бозигари дастаи “Энергетик” ба мӯҳлати як сол аз мусобиқа хориҷ ва ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шавад.

Роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истаравашан” барои ахлоқи ғайриварзишӣ, кори пасти тарбиявӣ, иштироки бозигарони даста дар задухӯрд бо бозигарони дастаи “Энергетик” ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, дар мавриди такрори чунин ҳолат нисбати онҳо чораҳои қатъитар то аз мусобиқаи қаҳрамонии кишвар хориҷ кардани даста дида хоҳад шуд.
Барои амалиёти иғвогаронаи бозигарони ҳарду даста ва мухлисони дастаи “Истаравшан”, ки боиси пеш аз мӯҳлат қатъ шудани бозӣ гардид, ба ҳарду даста - “Истаравшан” ваЭнергетик” бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода, ҳар кадом ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шавад.


Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG