Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон баҳси тағйирот дар интихоботи президентро сар кард


Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои баррасиии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи интхоботи президент» ба кумитаҳои Маҷлис ду моҳ муҳлат дод

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили маҷлиси Намоянадгон аз ҳизби Наҳзати исломӣ, рӯзи душанбе, 12-уми ноябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маъалаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тарҳи мазкур аз тарафи аҳзоби сиёсӣ таҳия ва баррасӣ шуда, нусхаи он ба ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод гардид.

Барои назорати ҷараёни муҳокима ва пешниҳодот Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ҳамчун «саркумита» муайян шуда, пешниҳод гардид, ки дар зарфи 2 моҳ фикру назари кумитаҳо ироа карда шавад. Пас аз 2 моҳ Шӯрои Маҷлиси намояндагон, тарҳи пешниҳоду иловаҳоро баррасӣ намуда ба рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ ворид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG