Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ изҳори хушбинӣ кард, ки бӯҳрони барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад: "Ман мутмаинам, ки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар ҳалли масоили ҳастаии Эрон нақши бисёр муҳиме дорад. Ин ҳам ба манфиати Эрон ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ аст. Ҳамингуна ман бовар дорам, ки сабабҳои хубе ҳаст, ки Эрон бо мо ҳамкории бештар хоҳад кард." Ба гуфтаи Юкиа Амано, чунин ба назар мерасад, ки дар остонаи музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон таъсисоти ҳастаиашро аз олудагиҳои атомӣ пок мекунад. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ эълом кард, ки баъд аз чаҳор моҳи танаффус дар бораи барномаҳои атомии Эрон бо мақомоти ин кишвар гуфтӯгу хоҳад кард.