Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии дастранҷи деҳқонони тоҷику афғон дар Тем


Дар бозори марзии Теми Хоруғ, намоиши маҳсулоти кишоварзии байнимарзӣ баргузор шуд.

Ба гуфтаи роҳбари бахши зироати дафтари Оғохон дар вулусволии Шуғнони Афғонистон Азимшо Баҳромов, дар ин намоиш 42 тан деҳқонон аз вулусволиҳои Шуғнон, Ишкошим ва Баҳорак маҳсулоташонро пешкаши муштариён гардонданд. Аз ҷониби Тоҷикистон Боғи набототи пажӯҳишгоҳи биологии Помир дастовардҳояшро ба муаррифӣ гузошт.

Барои деҳқонони афғон шароит фароҳам шуд, ки бо истифодаи нақлиёти автомобилӣ маҳсулоташонро ба базори Тем ворид кунанд. Бисёре аз деҳқонони афғон гуфтанд, ки барои нахустин бор имконияти тиҷорат дар бозори марзиро пайдо карданд.

Қадамалӣ, як деҳқон аз вулусволии Шуғнон гуфт, ки вай дар ин намоиш кишоварзони афғонро дар парвариши зироатҳои зеридарахтӣ комёб, аммо дар
боғдорӣ баръакс дастоварди кишорварзони маҳалии тоҷикро беҳтар дарёфтааст. Оқои Қадамалӣ баён дошт: «Ба хотир аз ин, ки аз замони собиқ ин корҳоро накарданд (манзур кишоварзони деҳоти марзии афғон), фоидаи инро нафаҳмиданд. Баъд аз ин, ки аз ин ҷо омаданду ин минтақаро диданд, нав рӯйи кор карданд, себу дигар меваҳоро ҳоло мешинонанду ду се сол баъд изофатар мешавад.»

Аммо муштариёни бозори Теми Хоруғ гуфтанд, ки дар ин намоиш орди боқилои деҳқонони афғон, ки манбаи асосии сафеда дар таркиби маводи ғизои анъанавии бадахшонӣ маҳсуб мешавад, аз ҳама серхаридор будааст. Сардори Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, академик Оғоназар Ақназаров намоишро барои табодули таҷоруб ва муаррифӣ кардани имконоти кишоварзони ду тарафи марз муфид арзёбӣ кард.

Вай гуфт: «Мутахассисони пажӯҳишгоҳи биологии Помир дар ҳудуди Бадахшони Афғонистон таҷрибаҳо мегузаронанд. Онҳо шаш намуди гандумро ошкор карданд, ки дар манотиқи марзии Тоҷикистон аз байн рафтанд ва дар бунгоҳи пажӯҳишгоҳ тухмиро санҷида, барои кишт дар деҳоти Тоҷикистон тавсия доданд. Баръакс парвариши баъзе намудҳои гандуми маҳаллӣ- Бобилло, Сафедаки ишкошимӣ, Сафедаки бартангӣ ва дигар навъҳоро дар деҳаи Деҳмуғони вулсуволии Шуғнон ва деҳаи Ганҷободи вулусволии Ишкошим ташкил намдудем, ба мақсади рушди зироаткорӣ.»

Дастандаркорони намоиши маҳсулоти кишоварзӣ изҳор доштанд, ки чунин намоишҳоро дар бозорҳои марзии Дарвоз ва Ишкошим низ баргузор мекунанд.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳоиFacebook, TwitterваYoutubeниз ҳамроҳӣ кунед
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳоиFacebook, TwitterваYoutubeниз ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG